Дирӯз, 8-уми январи соли 2026 ҷаласаи Мушовараи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баргузор гардид, ки дар кори он машаваратчии шуъбаи амнияти иқтисодии котиботи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурӣ Бахтиёр иштирок доштанд.Сараввал оид ба фаъолияти Кумита дар соли 2025 муовини якуми раиси Кумита Ширинҷонзода Маҳмуд ҳисобот доданд. Баъдан, раиси Кумита вобаста ба натиҷаи фаъолият аз роҳбарияти ҳар як раёсату шуъбаҳои дахлдор дар алоҳидагӣ пурсон шуда, роҷеъ ба мушкилот ва рафъи камбудиҳои дар пешрафти фаъолияти Кумита ҷойдошта, то охири моҳи январ дастуру супоришҳо доданд.Дар ҷаласаи мушовара, инчунин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, шарҳу тавзеҳ дода шуда, барои дар амал татбиқ намудани он дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар раванди кори ҷаласа як қатор корманди Кумита барои хизматҳои софдилонаю арзанда дар фаъолияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ ва ноил гардидан ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ дар соли 2025 ба Ифтихорномаи роҳбарияти Кумита сарфароз гардонида шуд. Инчунин, дар ҷаласа ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи Кумита аз соли сипаришуда шунида шуд.Намояндаи котиботи Шурои амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурӣ Бахтиёр низ вобаста ба фаъолияти Кумита изҳори андеша намуда, дар ҷамбасти фаъолияти Кумита дар соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид.