Дар арафаи Соли нави мелодӣ, дирӯз 26 декабри соли 2025 дар асоси сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ намудани табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ намудан ба гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ ва шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ба МДТУА «Мактаб интернати №2 барои кудакони имконияти маҳдуддошта»-и шаҳри Душанбе, маҳсулотҳои ниёзи аввал, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, равған, гушт, тухм, биринҷ, шакар, макарон, қанд ва обҳои нушокии ранга ва дигар намуди маҳсулот кумак расонида шуд.Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоии Сарвари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайваста дастгирӣ намуда, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мунтазам кумакҳои моддиву молиявӣ мерасонад.