Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсола оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 дар вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 8 июли соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ» ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда» баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда» директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид, сармутахассиси раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шарифзода Саъдӣ, сардорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳо, мақомотҳои қудратӣ, маљалаву рузнома, роњбарони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, раисони шурои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ва роҳбарони якқатор муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳисобот манзур намуда, иброз доштанд, ки имрӯз низоми таҳсилот ба яке аз тарзҳои истеҳсолоти сармояи инсонӣ табдил ёфтааст, ки ҷузъи муҳими таркибии он иқтидори зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар даврони муосир нақши омили инсонӣ сол то сол муҳим арзёбӣ гардида, на танҳо ба рушди иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ мусоидат мекунад, балки дар марҳилаи нави рушди башарият ҳамчун қувваи асосии пешбаранда муайян карда шудааст, ки рушди иҷтимоиро таъмин менамояд. Низоми таҳсилот – ояндаи насли инсон мебошад. Низоми таҳсилот – омили муҳими муносибати самимона ва инсонгароӣ дар ҷомеа ба шумор рафта, ҳаракати тамаддунро ба самти озодии комили инсон равона месозад. Дониш неруи асосии одамони босавод, бомаърифат маҳсуб ёфта, ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро амалӣ ва суръати рушди онро дар тамоми самтҳо таъмин менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 баён доштанд, ки «Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне, то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳад монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад».
Дар ҳақиқат, дар замони муосир масъалаи мубрами ислоҳот дар низоми маориф баланд бардоштани сифати таҳсилот ба шумор рафта, натиҷаи он мутаносибан дилхоҳ ва ҳатто пешгӯйинашаванда мешавад. Тағйироти дар низоми маориф баамаломада метавонад сифати таҳсилотро баланд бардорад ё ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот шароитҳои мусоид фароҳам оварад.
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи кори Агентӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба барнома, консепсия, стратегия, грантҳо ва қарорҳои мушовараи Агентӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти назорат дар соҳаи маориф ва илм, таҳкими низоми назорати давлатии сифати таҳсилот, такмили фаъолияти сохторҳои Агентӣ ва иҷрои вазифаҳои афзалиятнок барои давраи минбаъда муҳокима гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Сармутахассиси раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шарифзода Саъдӣ таъкид намуд, ки фаъолияти минбаъдаи Агентӣ бояд ба иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулияти касбӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии соҳаи маориф ва илм равона карда шавад.
Ҷаласаи ҳайати мушовара дар фазои ҳамкории созанда ва масъулияти баланд баргузор гардида, самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.