7-уми май, дар шаҳри Левакант бо мақсади бартараф намудани савдои кӯчагӣ, нигоҳдории тозагӣ ва ободонии муҳити шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” Фарух Султонов дар якҷоягӣ бо…
7-уми май, дар шаҳри Левакант бо мақсади бартараф намудани савдои кӯчагӣ, нигоҳдории тозагӣ ва ободонии муҳити шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” Фарух Султонов дар якҷоягӣ бо кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри иштирок намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ масъулон дар назди дукону мағозаҳо бо соҳибкорон ва фурӯшандагон суҳбат анҷом дода, онҳоро барои риояи қоидаҳои савдо ва тозагии муҳити атроф ҳушдор доданд. Таъкид карда шуд, ки савдои кӯчагӣ ва худсарона метавонад ба ҳаракати озоди шаҳрвандон монеа эҷод намуда, ҳамзамон симои зоҳирии шаҳрро коста гардонад.
Масъулон инчунин иброз доштанд, ки ҳар як соҳибкор бояд дар нигоҳдории тозагӣ ва ободонии назди нуқтаи савдои худ саҳмгузор бошад. Аз ҷумла, тоза нигоҳ доштани роҳравҳо, пешгирии ҷамъшавии партовҳо ва риояи талаботи санитарӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як соҳибкор арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ минбаъд низ дар ҳудуди шаҳр идома ёфта, нисбат ба шахсоне, ки талаботи муқарраршударо риоя намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Мақомоти маҳаллӣ сокинон ва соҳибкоронро ба ҳамкорӣ даъват намуда, таъкид карданд, ки танҳо бо ҳисси баланди масъулият ва саҳмгузории дастаҷамъона метавон муҳити тозаву обод ва шаҳри зебову намунавиро ҳифз намуд.