7-уми май — дар доираи тадбирҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд бо…
7-уми май — дар доираи тадбирҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд бо иштироки масъулону фаъолон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Хидирзода Маҳмад, директори Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ВНМО дар шаҳри Левакант Одинаев Беҳрӯз ва дигар шахсони фаъол иштирок намуда, бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки корҳои ободонӣ ва созандагӣ бояд дар маҳал тақвият ёфта, сокинон дар тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаҳо, манзилҳо ва муҳити зист саҳми фаъол гузоранд. Масъулин иброз доштанд, ки амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии омилҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Намояндагони соҳаи тандурустӣ ба сокинон вобаста ба роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Кумитаи маҳаллаи деҳа аз нав интихоб гардида, барои беҳтар намудани корҳои ободонӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ва рушди маҳал вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Сокинони деҳаи Гулистон аз баргузории чунин вохӯриҳои судманд истиқбол намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии маҳал изҳор доштанд.