6-уми май, дар шаҳри Левакант бо ташаббуси масъулини Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим як аксияи муҳими иттилоотӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони Китобхонаи марказии шаҳр доир шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати…
6-уми май, дар шаҳри Левакант бо ташаббуси масъулини Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим як аксияи муҳими иттилоотӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони Китобхонаи марказии шаҳр доир шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, бахусус ҷавонон, оид ба манфиатҳои ғизои солим ва тарбияи дурусти насли наврас буд.
Дар ҷараёни аксия, миёни аъзои фаъол ва хонандагони китобхона корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, иштирокчиён бо аҳамияти интихоби дурусти ғизо, пешгирии бемориҳо тавассути тарзи ҳаёти солим ва нақши муҳими тарбия дар рушди солими кӯдакон шинос карда шуданд. Масъулин таъкид карданд, ки риояи меъёрҳои ғизои солим метавонад ба беҳтар шудани сатҳи саломатии ҷомеа мусоидат намояд.
Ҳамчунин, ба иштирокчиён итилловарақаҳо тақсим карда шуданд, ки дар онҳо маълумоти муфид оид ба ғизои мутавозин, реҷаи дурусти хӯрокхӯрӣ ва одатҳои солими зиндагӣ ҷой дода шудааст. Ин маводҳо барои истифодаи ҳамарӯза ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои тиббию иҷтимоӣ мусоидат мекунанд.
Ташкилкунандагон изҳор доштанд, ки чунин иқдомҳо дар оянда низ идома ёфта, бо ҷалби доираи васеътари аҳолӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд. Зеро ташаккули тарзи ҳаёти солим ва тарбияи дурусти насли наврас яке аз омилҳои муҳими рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад.