2-юми май — дар доираи ҳафтаи ободонӣ дар шаҳри Левакант шанбегии умумишаҳрӣ бо фарогирии шоҳроҳи Левакант–Бохтар, назди ташкилоту муассисаҳо ва дигар ҳудудҳои шаҳр баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки фаъолонаи масъулин ва сокинон амалӣ шуда, ба…
2-юми май — дар доираи ҳафтаи ободонӣ дар шаҳри Левакант шанбегии умумишаҳрӣ бо фарогирии шоҳроҳи Левакант–Бохтар, назди ташкилоту муассисаҳо ва дигар ҳудудҳои шаҳр баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки фаъолонаи масъулин ва сокинон амалӣ шуда, ба беҳтар намудани ҳолати санитарӣ, риояи тозагӣ, пешгирӣ аз савдои кӯчагӣ ва навсозии шиору овезаҳо равона гардид.
Дар ҷараёни шанбегӣ иштирокчиён ба тоза намудани канори роҳҳо, ҷамъоварии партовҳо, ба тартиб даровардани гирду атрофи муассисаҳо ва ободонии муҳити зист машғул шуданд. Ҳамзамон, барои пешгирии савдои ғайриқонунӣ дар канори роҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ба шаҳрвандон ва соҳибкорон ҷиҳати риояи қоидаҳои муқарраргардида тавсияҳо дода шуданд.
Илова бар ин, дар доираи чорабинӣ навсозӣ ва иваз намудани шиору овезаҳои фарсуда амалӣ гардида, барои беҳтар намудани симои зоҳирии шаҳр ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон иқдомҳои зарурӣ роҳандозӣ шуданд.
Рафти корҳои ободонӣ таҳти назорати раиси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» Фарух Султонов ва дигар масъулини дахлдор қарор дошта, онҳо ба иҷрои босифати корҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд ва ба иштирокчиён дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Зикр гардид, ки чунин иқдомҳои дастаҷамъона ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ, зебо шудани симои шаҳр ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандон мусоидат намуда, минбаъд низ дар шаҳри Левакант идома хоҳанд ёфт.