eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
НАЗОРАТИ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ ОБОДОНӢ ДАР МУАССИСАИ САНИТАРӢ - БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
НАЗОРАТИ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ ОБОДОНӢ ДАР МУАССИСАИ САНИТАРӢ - БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
4 May 2026
НАЗОРАТИ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ ОБОДОНӢ ДАР МУАССИСАИ САНИТАРӢ - БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: РАИСИ ШАҲР ФАЪОЛИЯТИ БУНГОҲҲОИ САЛОМАТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ «ГУЛИСТОН»-РО МАВРИДИ САНҶИШ ҚАРОР ДОД
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: ШАҲРДОРӢ ВА ФАЪОЛОН БА ЯК ОИЛАИ НИЁЗМАНД МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ МЕСОЗАНД
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: ПЕШГИРИИ БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: ДАР ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ №1 ВОБАСТА БА ШАҲРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ВА МАВЗУҲОИ МУҲИМИ РӮЗ ВОХӮРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
14 May 2026
РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ АЗ МИНТАҚАИ СЕЛЗАДАИ ДЕҲАИ ЗАҒЕРТУТ БОЗДИД КАРД
14 May 2026
ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ ВА МАСЪАЛАГУЗОРӢ
14 May 2026
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Centralised website of government and municipal services
2-юми май — раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ҳамроҳ бо дигар масъулини аз рафти корҳои таъмир ва ободонӣ дар Муассисаи давлатии назорати санитарию эпидемологии шаҳри Левакант боздид ба амал оварданд. Зимни боздид ба раиси шаҳр маълумот…
2-юми май — раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ҳамроҳ бо дигар масъулини аз рафти корҳои таъмир ва ободонӣ дар Муассисаи давлатии назорати санитарию эпидемологии шаҳри Левакант боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид ба раиси шаҳр маълумот дода шуд, ки корҳои таъмирӣ дар муассиса бо мақсади беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва мутобиқ гардонидани муҳити корӣ ба талаботи муосир амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, навсозии утоқҳои корӣ, таъмири шабакаҳо ва ободонии гирду атрофи муассиса дар доираи нақша бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома доранд.
Муминзода Мастура Табарӣ рафти корҳои анҷомдодашударо мавриди арзёбӣ қарор дода, ба масъулин ҷиҳати таъмини сифати баланд ва анҷоми саривақтии корҳои таъмирӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, бахусус сохторҳои назорати санитарию эпидемологӣ, дар ҳифзи саломатии аҳолӣ нақши муҳим доранд ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони онҳо зарур мебошад.
Ҳамзамон, ба масъулин супориш дода шуд, ки дар баробари корҳои таъмирӣ ба масъалаи тозагиву ободонии муҳити атроф низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро муҳити тоза омили асосии пешгирии бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад.