eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС БА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ВА АФЗОИШИ ҲОСИЛНОКӢ
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАНТ: ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС БА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ВА АФЗОИШИ ҲОСИЛНОКӢ
4 May 2026
ЛЕВАКАНТ: ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС БА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ВА АФЗОИШИ ҲОСИЛНОКӢ
30-юми апрел, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ дар якҷоягӣ бо масъулини соҳаи кишоварзӣ аз вазъи корҳои саҳроӣ, аз ҷумла парвариши пахта, кишти дигар зироатҳо ва фаъолияти насосҳои обкаш боздид ба амал оварданд. Зимни ин сафар,…
30-юми апрел, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ дар якҷоягӣ бо масъулини соҳаи кишоварзӣ аз вазъи корҳои саҳроӣ, аз ҷумла парвариши пахта, кишти дигар зироатҳо ва фаъолияти насосҳои обкаш боздид ба амал оварданд.
Зимни ин сафар, роҳбарияти шаҳр бо ҷараёни иҷрои корҳои агротехникӣ аз наздик шинос шуда, ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи захираҳои об таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Қайд гардид, ки дар шароити имрӯза истифодаи самараноки замин ва таъмини обёрии саривақтӣ аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба шумор меравад.
Муминзода Мастура Табарӣ ба кишоварзон ва масъулини соҳа ҷиҳати иҷрои саривақтии корҳои кишоварзӣ, риояи талаботи агротехникӣ ва истифодаи дурусти заминҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки бояд аз ҳар як порчаи замин оқилона истифода бурда, имконияти гирифтани ду-се ҳосил аз як замин фароҳам оварда шавад.
Инчунин, дар ҷараёни боздид фаъолияти насосҳои обкаш мавриди санҷиш қарор гирифта, масъулин вазифадор шуданд, ки барои таъмини мунтазами обёрии заминҳо ва пешгирии камбудиҳои техникӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Зикр гардид, ки ҳамаи ин тадбирҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар амалӣ гардида, ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон роҳбарияти шаҳр изҳори боварӣ намуданд, ки кишоварзони Левакант бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва меҳнати софдилона метавонанд нишондиҳандаҳои истеҳсолиро боз ҳам беҳтар намуда, дар таъмини бозори дохилӣ ва содирот бо маҳсулоти босифат саҳми назаррас гузоранд.
Centralised website of government and municipal services