30-юми апрел, дар шаҳри Левакант бо ташаббуси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК Леваканти ДБССТ доир шуда,…
30-юми апрел, дар шаҳри Левакант бо ташаббуси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК Леваканти ДБССТ доир шуда, ба гиромидошти қаҳрамониҳои насли пирӯз ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон равона карда шуд.
Дар кори конференсия раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант Султонов Ҳикматулло, дигар аъзоёни ташкилот, инчунин омӯзгорону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Зимни баромадҳо собиқадорон ва иштирокчиён оид ба аҳамияти таърихии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, саҳми фарзандони миллат дар таъмини сулҳу субот ва нақши ин рӯйдоди муҳим дар ташаккули худшиносии миллӣ андешаҳои худро иброз доштанд. Таъкид гардид, ки ҳифзи хотираи таърихӣ ва эҳтиром ба қаҳрамониҳои гузаштагон барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти калон дорад.
Ҳамчунин, дар ҷараёни конференсия масъалаи бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши амиқи таърих мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баромадкунандагон ҷавононро ба эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи сулҳу ваҳдат ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа даъват намуданд.