Шоми 29-уми апрел, дар шаҳри Левакант вохӯрии муфид миёни масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва намозгузорон дар масҷиди ҷомеъи шаҳр баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон ва дигар шахсони масъул…
Шоми 29-уми апрел, дар шаҳри Левакант вохӯрии муфид миёни масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва намозгузорон дар масҷиди ҷомеъи шаҳр баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, оид ба як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ахлоқӣ суханронӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи ҳозирин ба пешгирии ҷинояткорӣ, омилҳои номатлуби ҷомеа, хурофотпарастӣ ва таълимоти ғайриқонунии диннӣ ҷалб карда шуд. Таъкид гардид, ки мубориза бо чунин падидаҳо танҳо дар ҳамкорӣ миёни ҷомеа ва мақомот имконпазир буда, ҳар як шаҳрванд бояд дар таъмини суботу оромӣ саҳмгузор бошад.
Ҳамзамон, масъулин доир ба масъалаҳои худнамоӣ ва зиёдаравӣ, ки дар баъзе ҳолатҳо ба исрофкорӣ ва вайрон шудани арзишҳои миллӣ оварда мерасонад, ибрози назар намуданд. Дар баробари ин, оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба намозгузорон тавсияҳои муфид дода шуданд.
Дар ҷараёни суҳбат аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ба тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон диққати махсус зоҳир намоянд. Зикр гардид, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҷалби онҳо ба омӯзиши илму дониш яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Иштирокдорон ҳамчунин даъват карда шуданд, ки дар корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ободонию созандагӣ, фаъолона иштирок намоянд ва барои пешрафту шукуфоии шаҳр саҳми арзанда гузоранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки чунин мулоқотҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ, инчунин таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷомеа ва мақомот нақши муҳим доранд.