29-уми апрел, дар шаҳри Левакант ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти…
29-уми апрел, дар шаҳри Левакант ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шӯъбаи КДАМ ва ШВКД-и шаҳри Левакант вохӯрии муҳими фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки фаъолон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва гурӯҳҳои корӣ доир шуда, ба баррасии масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ, коҳиш додани омилҳои номатлуб ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон бахшида шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, корманди шуъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант Асадуллоев Давлатшоҳ, муовини сардори ШВКД-и шаҳри Левакант Нурзода Шойимҷон Назар ва дигар масъулин иштирок ва суханронӣ намуданд. Онҳо дар баромадҳои худ ба зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандон ва ҳамкории зич миёни аҳолӣ ва мақомоти давлатӣ таъкид карданд.
Зикр гардид, ки гурӯҳҳои корӣ бояд фаъолияти худро дар самти корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷоннок намуда, дар пешгирии ҷиноят ва дигар кирдорҳои номатлуб саҳми назаррас гузоранд. Ҳамчунин, зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон ва рушди фарҳанги шаҳрнишинӣ яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба иштирокчиён дастур дода шуд, ки барои татбиқи амалии вазифаҳои гузошташуда тадбирҳои мушаххас андешида, ҷиҳати таъмини оромию суботи ҷомеа ва рушди устувори шаҳр саҳмгузор бошанд.