28-уми апрел, дар Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант вохӯрии судманду хотирмон бахшида ба 81-солагии Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант Ҳикматулло Султонов ва дигар…
28-уми апрел, дар Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант вохӯрии судманду хотирмон бахшида ба 81-солагии Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант Ҳикматулло Султонов ва дигар собиқадорон иштирок намуда, бо омӯзгорону донишҷӯён суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ Ҳикматулло Султонов аз аҳамияти таърихии Рӯзи Ғалаба ёдовар шуда, қайд намуд, ки ин сана яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи инсоният ба ҳисоб рафта, рамзи шуҷоат, матонат ва ватандӯстии халқу миллатҳо мебошад. Ӯ таъкид кард, ки ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо қимати ҷоннисориҳои бузург ба даст омада, садҳо ҳазор фарзандони Тоҷикистон низ дар ин ҷанг саҳми арзанда гузоштаанд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг, арҷгузорӣ ба хизматҳои собиқадорон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Ӯ ҷавононро ба эҳтироми таърих, пос доштани арзишҳои миллӣ ва ҳифзи сулҳу субот даъват намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ омӯзгорон ва донишҷӯён низ фаъолона иштирок намуда, андешаву саволҳои худро пешниҳод карданд. Ҷавонон аз чунин мулоқоти тарбиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки донистани таърих ва сабақ гирифтани он барои бунёди ояндаи дурахшон аҳамияти калон дорад.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихӣ мусоидат менамояд.