25-уми апрел, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и шаҳри Левакант бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдор ва сокинони деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” маҷлиси падару модар баргузор гардид. Дар чорабинӣ корманди шуъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант Асадуллоев Давлатшоҳ, инчунин масъулини соҳаи маорифи шаҳр иштирок намуда, бо волидайни хонандагон суҳбати мустақим анҷом доданд.
Зимни маҷлис масъалаҳои муҳим вобаста ба таълиму тарбияи насли наврас ва пешгирии омилҳои номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъулин оид ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, муқовимат ба хурофотпарастӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайриқонунии диннӣ ва пешгирии бегонапарастӣ ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон, ба масъалаи таҳкими робитаи муассир миёни мактаб ва оила диққати махсус дода шуд. Қайд гардид, ки танҳо дар ҳамкории зичи падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ метавон сатҳи сифати таълиму тарбияро баланд бардошт ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намуд.
Дар рафти суҳбат ҳамчунин масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ баррасӣ гардиданд. Ба волидайн тавсия дода шуд, ки ба раванди таълиму тарбияи фарзандон бетараф набошанд ва пайваста бо омӯзгорон ҳамкорӣ намоянд.
Дар анҷоми маҷлис таъкид гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таъмини амнияту суботи ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.