25-уми апрел, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар ҳудуди шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид. Дар ин иқдоми дастаҷамъона кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинон, ҷавонон ва дигарон фаъолона иштирок намуда, барои…
25-уми апрел, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар ҳудуди шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид. Дар ин иқдоми дастаҷамъона кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинон, ҷавонон ва дигарон фаъолона иштирок намуда, барои тозагию ободонии муҳити зист саҳм гузоштанд.
Шанбегӣ дар назди ташкилоту корхонаҳо, инчунин дар кӯчаву хиёбонҳои асосии шаҳр баргузор гардида, иштирокчиён ба корҳои гуногуни ободонӣ машғул шуданд. Аз ҷумла, тоза намудани ҳудудҳо аз партов, сафед кардани пояи дарахтон, шинонидани гулу буттаҳо ва ба тартиб даровардани роҳравҳо анҷом дода шуд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо беҳтар намудани ҳолати санитарии шаҳр, баланд бардоштани фарҳанги зисти шаҳрвандон ва ташаккули ҳисси масъулият нисбат ба муҳити атроф арзёбӣ мегардад. Иштирокчиён бо рӯҳияи баланд ва ҳисси ватандӯстӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри худ саҳм гузоштанд.