24-уми апрел, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и шаҳри Левакант озмуни маърифатӣ-эҷодӣ таҳти унвони «Вазъи пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим» бо иштироки хонандагону омӯзгорон баргузор гардид. Чорабинӣ тибқи…
24-уми апрел, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и шаҳри Левакант озмуни маърифатӣ-эҷодӣ таҳти унвони «Вазъи пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим» бо иштироки хонандагону омӯзгорон баргузор гардид.
Чорабинӣ тибқи нақша-чорабиниҳои якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва бахши маорифи шаҳри Левакант роҳандозӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳифзи табиат арзёбӣ мегардад.
Дар рафти озмун намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Тураев Раҳмоналӣ, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Левакант Иззатуллозода Фирӯз ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд. Онҳо зимни баромадҳои худ масъалаҳои доғи рӯз — аз ҷумла обшавии пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ ва зарурати баланд бардоштани масъулияти экологиро таъкид карданд.
Қайд гардид, ки пиряхҳои Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ аҳамияти бузург дошта, ҳифзи онҳо яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҷалби насли наврас ба омӯзиши ин мавзӯъ ва тарбияи муносибати эҳтиёткорона нисбат ба муҳити зист хеле муҳим мебошад.
Дар озмун беш аз 100 довталаб аз тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзида, маҳсули эҷодии худро дар номинатсияҳои гуногун пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, иштирокчиён дар бахшҳои «Расми беҳтарин», «Акси беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Шеъри беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин» ва «Кори меъмории беҳтарин» маҳорати худро нишон доданд. Маводҳои пешниҳодшуда бештар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи табиат, камшавии пиряхҳо ва таъсири инсон ба муҳити зистро инъикос мекарданд.
Ҳайати доварон ба корҳои пешниҳодшуда баҳои баланд дода, ғолибонро муайян намуданд. Дар маросими ҷамъбастӣ иштирокчиёни фаъол ва беҳтаринҳо бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.