24-уми апрел, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Левакант Рӯзи мудофиаи гражданӣ бо иштироки омӯзгорон ва хонандагон дар фазои омӯзишӣ баргузор гардид. Чорабинӣ субҳ дар саҳни мактаб оғоз ёфта, тамоми иштирокчиён бо тартиб саф ороста,…
24-уми апрел, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Левакант Рӯзи мудофиаи гражданӣ бо иштироки омӯзгорон ва хонандагон дар фазои омӯзишӣ баргузор гардид. Чорабинӣ субҳ дар саҳни мактаб оғоз ёфта, тамоми иштирокчиён бо тартиб саф ороста, омодагии худро барои иштирок нишон доданд.
Ровӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо аҳамияти Рӯзи мудофиаи гражданӣ шинос кард. Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва омӯзиши тарзи дурусти рафтор дар вазъиятҳои хатарнок муҳим мебошанд. Таъкид шуд, ки ҳолатҳои фавқулода метавонанд ногаҳон рух диҳанд ва танҳо шахсони дорои дониш ва малакаҳои зарурӣ метавонанд худро ҳифз намоянд.
Дар ин чорабинӣ, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант Холиқов Манучеҳр, масъулини бахши маорифи шаҳр, омӯзгорони дифоъи ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар идома намоишҳои амалӣ баргузор гардида, иштирокчиён шоҳиди тарзи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, аз ҷумла бастани захм ва ёрӣ ҳангоми беҳушшавӣ шуданд. Ҳамзамон тарзи дурусти истифодаи оташхомӯшкунак ва роҳҳои хомӯш кардани сӯхтор нишон дода шуд. Намоиши рафтори дуруст ҳангоми заминларза низ диққати ҳозиринро ҷалб кард, ки дар он усулҳои паноҳ бурдан ва ҳифзи сар шарҳ дода шуданд.
Баъд аз намоишҳо байни синфҳо озмуни «Беҳтарин гурӯҳи наҷотдиҳанда» баргузор гардид. Хонандагон донишу малакаҳои худро дар посух ба саволҳо оид ба рафтор ҳангоми сӯхтор ва заминларза нишон доданд. Доварон ба фаъолияти иштирокчиён баҳо дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд.
Дар қисми ҷамъбастӣ натиҷаҳои чорабинӣ баррасӣ гардида, ба хонандагони фаъол ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида шуданд.
Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар муассисаи мазкур бо руҳияи баланд, ҳисси масъулият ва иштироки фаъолонаи хонандагон анҷом ёфта, бори дигар аҳамияти омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодаро таъкид намуд.