Дар шаҳри Левакант бо ташаббуси мутахассисон ва кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази пешгирии ВНМО ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ як аксияи иттилоотӣ баргузор карда шуд, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид…
Дар шаҳри Левакант бо ташаббуси мутахассисон ва кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази пешгирии ВНМО ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ як аксияи иттилоотӣ баргузор карда шуд, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ буд.
Чорабинӣ дар кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Нурулло Абдулло ва инчунин дар назди бозори марказии шаҳр баргузор гардида, дар он волонтёрон низ фаъолона иштирок намуданд. Иштирокчиён бо сокинон суҳбатҳо анҷом дода, ба онҳо оид ба роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва аҳамияти тарзи ҳаёти солим маълумоти муфид пешниҳод карданд.
Зимни аксия ба шаҳрвандон иттилоъварақаҳо (буклетҳо) тақсим карда шуданд, ки дар онҳо маълумоти зарурӣ дар бораи шаклҳои сироят ва пешгирии бемориҳо дарҷ гардидааст. Мутахассисон таъкид намуданд, ки огоҳии дуруст метавонад яке аз омилҳои асосии коҳиш додани паҳншавии бемориҳои сироятӣ гардад.
Ҳамзамон, иштироки волонтёрон дар чунин чорабиниҳо ҳамчун омили муҳими ҷалби ҷомеа ва ташаккули масъулияти иҷтимоӣ арзёбӣ гардид. Онҳо дар паҳн намудани маълумоти дуруст ва таъсиррасон ба сокинон саҳми назаррас гузоштанд.
Дар маҷмӯъ, ташкилкунандагон баргузории чунин аксияҳоро барои беҳтар намудани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд пайваста идома ёбанд, то сатҳи саломатии ҷомеа боз ҳам беҳтар гардад.