eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН ДАР ЛЕВАКАНТ: АРОБАЧАИ МАЪЮБӢ БА НИЁЗМАНД ТАҚДИМ ГАРДИД
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН ДАР ЛЕВАКАНТ: АРОБАЧАИ МАЪЮБӢ БА НИЁЗМАНД ТАҚДИМ ГАРДИД
23 April 2026
ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН ДАР ЛЕВАКАНТ: АРОБАЧАИ МАЪЮБӢ БА НИЁЗМАНД ТАҚДИМ ГАРДИД
Дар шаҳри Левакант иқдоми навбатии хайрхоҳона ва инсондӯстона дар доираи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Бо ташаббус ва роҳбарии раиси шаҳри…
Дар шаҳри Левакант иқдоми навбатии хайрхоҳона ва инсондӯстона дар доираи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Бо ташаббус ва роҳбарии раиси шаҳри Левакант, Муминзода Мастура Табарӣ, ба як сокини ниёзманди кӯчаи Зебонисо, ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" — маъюби гурӯҳи якум Раҳимова Шаҳноза кумаки моддӣ расонида шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо дарки масъулияти иҷтимоӣ ва эҳсоси баланди инсондӯстӣ ба Шаҳноза Раҳимова аробачаи маъюбӣ тақдим намуданд, ки барои беҳтар гардидани шароити зиндагии ӯ мусоидат хоҳад кард.
Зимни супоридани аробачаи маъюбӣ таъкид гардид, ки дастгирии маъюбон ва шахсони ниёзманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Ҳамчунин зикр шуд, ки чунин иқдомҳо дар оянда низ идома ёфта, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат хоҳанд кард.
Раҳимова Шаҳноза барои чунин таваҷҷуҳ ва дастгирӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки ин гуна кумакҳо барои шахсони дорои имконияти маҳдуд аҳамияти бузург доранд ва онҳоро ба зиндагии фаъолтар ҳидоят мекунанд.
Бо чунин амалҳои хайрхоҳона, мақомоти маҳаллӣ бори дигар нишон медиҳанд, ки ғамхорӣ нисбати мардум, бахусус қишрҳои ниёзманд, дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор дорад.
Centralised website of government and municipal services