18-уми апрел, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар ҳудуди шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид. Ин иқдоми ҷамъиятӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва баланд…
18-уми апрел, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар ҳудуди шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид. Ин иқдоми ҷамъиятӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ роҳандозӣ шуд.
Дар рафти шанбегӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин сокинони фаъоли шаҳр фаъолона иштирок намуда, дар тоза намудани канораҳои шоҳроҳи Левакант–Бохтар, гирду атрофи идораҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ саҳм гузоштанд. Иштирокчиён партовҳоро ҷамъоварӣ намуда, дарахтону буттаҳоро ба тартиб дароварда, муҳити зистро ободтар гардониданд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба минтақаҳои назди ташкилоту корхонаҳо равона шуда, онҳо низ аз алафҳои худрӯй ва партовҳо пок карда шуданд. Чунин иқдомҳо барои беҳтар намудани симои зоҳирии шаҳр ва фароҳам овардани муҳити солиму зебо барои сокинон аҳамияти муҳим доранд.
Масъулин таъкид намуданд, ки баргузории чунин шанбегиҳо дар оянда низ идома ёфта, ҷалби бештари аҳолӣ ба корҳои ободонӣ яке аз самтҳои афзалиятнок боқӣ мемонад.