18-уми апрел, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ сурат гирифта, ҳадафи асосии он шунидани муроҷиату пешниҳодҳои сокинон ва мусоидат ба…
18-уми апрел, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ сурат гирифта, ҳадафи асосии он шунидани муроҷиату пешниҳодҳои сокинон ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои мавҷуда буд.
Дар ҷараёни қабул сокинон бо масъалаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини манзил, беҳдошти роҳҳо, дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ, таъминоти барқ ва об, инчунин масоили иҷтимоӣ ба раиси шаҳр муроҷиат намуданд. Ҳар як муроҷиат бо диққати ҷиддӣ шунида шуда, барои баррасии минбаъда ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Раиси шаҳр зимни суҳбат бо шаҳрвандон таъкид намуд, ки ҳалли саривақтии мушкилоти мардум яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроия ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки ҳамкорӣ ва муоширати мустақим бо аҳолӣ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон ва рушди устувори шаҳр мусоидат мекунад.
Дар анҷоми қабул зикр гардид, ки иҷрои ҳар як муроҷиат зери назорати қатъӣ қарор гирифта, натиҷаҳои он дар муҳлатҳои муқарраршуда ба муроҷиаткунандагон расонида мешавад. Чунин қабули шаҳрвандон мунтазам баргузор гардида, барои тақвияти робитаи байни мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ нақши муҳим мебозад.