13-уми АПРЕЛ, дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Левакант даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман» бо иштироки васеи довталабони наврасу ҷавон баргузор гардид. Озмун аз рӯи 5 жанр — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати…
13-уми АПРЕЛ, дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Левакант даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман» бо иштироки васеи довталабони наврасу ҷавон баргузор гардид.
Озмун аз рӯи 5 жанр — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир гардида, иштирокчиён маҳорати баланди эҷодӣ ва истеъдоди худро ба намоиш гузоштанд. Ба гуфти масъулон, сатҳи омодагии довталабон назаррас буда, аксари онҳо бо барномаҳои ҷолибу хотирмон ҳунарнамоӣ карданд.
Ҳайати ҳакамони озмун дар вилояти Хатлон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳанг иборат буд. Аз ҷумла, Қосимзода Шералӣ — директори ансамбли шашмақоми назди МИҲД-и вилояти Хатлон ва корманди шоистаи Тоҷикистон, Боймуродов Саидмурод — мудири дафтари методии мактабҳои санъат ва мусиқии вилояти Хатлон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Сафарализода Собир — роҳбари маркази илмию фарҳангии раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳунару истеъдоди иштирокчиён баҳои касбӣ доданд.
Аъзои ҳакамон аз баромадҳои ҳунармандони навраси шаҳри Левакант изҳори қаноатмандӣ намуда, сатҳи баланди истеъдод ва завқи бадеии онҳоро таъкид карданд. Қайд гардид, ки чунин озмунҳо барои дарёфти чеҳраҳои нав ва рушди санъати миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар фарҷом беҳтарин довталабон аз рӯи ҳар як жанр муайян гардида, ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд. Интизор меравад, ки онҳо дар марҳилаҳои минбаъда низ шаҳри Левакантро бо ҳунари волои худ сазоворона муаррифӣ намоянд.