eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “МАКТАБ БА МАКТАБ” ДАР ДЕҲАИ ХУРАМДЕҲ
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАНТ: ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “МАКТАБ БА МАКТАБ” ДАР ДЕҲАИ ХУРАМДЕҲ
15 April 2026
ЛЕВАКАНТ: ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “МАКТАБ БА МАКТАБ” ДАР ДЕҲАИ ХУРАМДЕҲ
10-уми апрел, дар доираи тадбирҳои баланд бардоштани маърифати иҷтимоии аҳолӣ ва баррасии масъалаҳои муҳими рӯз, дар деҳаи Хурамдеҳи ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки Маҳмад Хидирзода…
10-уми апрел, дар доираи тадбирҳои баланд бардоштани маърифати иҷтимоии аҳолӣ ва баррасии масъалаҳои муҳими рӯз, дар деҳаи Хурамдеҳи ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки Маҳмад Хидирзода раиси ҷамоати деҳоти “Гулистон”, фаъолони маҳаллӣ, намояндагони сохторҳои дахлдор ва сокинони деҳа дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 доир шуда, дар он як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вохӯрӣ тариқи усули “Мактаб ба мактаб” баргузор гардида, ҳадафи асосии он расонидани маълумоти муфид ба аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҷалби сокинон ба масъалаҳои муҳими ҷомеа арзёбӣ шуд. Ин усул имкон медиҳад, ки бо истифода аз имкониятҳои муассисаҳои таълимӣ, доираи васеи аҳолӣ фаро гирифта шуда, корҳои тарғиботӣ самаранок ба роҳ монда шаванд.
Зимни мулоқот масъулин ба масъалаҳои доғи рӯз таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, оид ба роҳҳои ҳалли онҳо ибрози назар карданд. Аз ҷумла, мавзӯи истифодаи самараноки замин яке аз самтҳои асосии суҳбатро ташкил дод. Таъкид гардид, ки истифодаи оқилона ва мақсадноки қитъаҳои замин метавонад ба таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи даромади оилаҳо ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон, ба сокинон тавсия дода шуд, ки ҳар як ваҷаби заминро самаранок истифода бурда, ба кишти зироатҳои гуногун, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзии серҳосил ва серталаб таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Қайд гардид, ки бо риояи агротехника ва истифодаи таҷрибаҳои пешқадам метавон ҳосилнокиро афзоиш дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин ба масъалаҳои дигар, аз ҷумла тарбияи насли наврас, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи қоидаҳои гигиена ва ҳифзи саломатӣ низ диққати ҷиддӣ дода шуд.
Баромадкунандагон зикр намуданд, ки танҳо тавассути ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ ва худи сокинон метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Сокинони деҳаи Хурамдеҳ аз чунин ташаббус изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳии онҳо аҳамияти калон дорад.
Дар фарҷом масъулин изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо дар дигар маҳаллаҳо низ идома ёфта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва рушди устувори ҷомеа заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.
Centralised website of government and municipal services