8-уми апрел, раиси шаҳри Левакант — Муминзода Мастура Табарӣ — бо мақсади шиносоӣ аз шароити зист ва таҳсили донишҷӯён аз вазъияти кунунии хобгоҳи Муассисаи ғайридавлатии «Колеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ»-и шаҳри Левакант дидан намуд. Зимни боздид, раиси шаҳр…
8-уми апрел, раиси шаҳри Левакант — Муминзода Мастура Табарӣ — бо мақсади шиносоӣ аз шароити зист ва таҳсили донишҷӯён аз вазъияти кунунии хобгоҳи Муассисаи ғайридавлатии «Колеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ»-и шаҳри Левакант дидан намуд.
Зимни боздид, раиси шаҳр аз утоқҳои истиқоматӣ, шароити санитарӣ, ҳолати таъминоти обу барқ ва дигар имкониятҳои мавҷуда шинос гардида, бо донишҷӯён ва масъулини муассиса суҳбат анҷом дод.
Донишҷӯён доир ба шароити зиндагӣ, мушкилоти мавҷуда ва пешниҳодҳои худ андешаҳои худро баён намуданд.
Қайд гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои донишҷӯён яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи мутахассисони варзида ба ҳисоб меравад. Муминзода Мастура Табарӣ таъкид намуд, ки масъулини муассиса бояд ба беҳтар намудани шароити хобгоҳ, риояи тозагӣ ва таъмин намудани шароити зарурии рӯзгор диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ҳамзамон, ба масъулин дастур дода шуд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешида, сатҳи хизматрасонӣ ва нигоҳдории хобгоҳро беҳтар намоянд. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмири утоқҳо, беҳтар намудани инфрасохтор ва таъмин бо таҷҳизоти зарурӣ дар мадди назар қарор дода шуданд.