eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: МУСОБИҚАИ ГУШТИНИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА НАВРӮЗ
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАНТ: МУСОБИҚАИ ГУШТИНИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА НАВРӮЗ
15 April 2026
ЛЕВАКАНТ: МУСОБИҚАИ ГУШТИНИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА НАВРӮЗ
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» мусобиқаи гуштини миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Чорабинии варзишӣ бо мақсади тарғиби…
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» мусобиқаи гуштини миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Чорабинии варзишӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш роҳандозӣ шуда, дар он даҳҳо нафар варзишгарони ҷавон аз деҳа фаъолона иштирок намуданд. Иштирокчиён дар фазои рақобати солим қувваозмоӣ намуда, маҳорати баланди варзишии худро нишон доданд.
Дар рафти мусобиқа паҳлавонони ҷавон дар вазнҳои гуногун баромад карда, бо риояи қоидаҳои гуштини миллӣ барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ мубориза бурданд. Тамошобинон, ки асосан сокинони деҳа буданд, аз баромадҳои варзишгарон руҳбаланд гардида, онҳоро гарму ҷӯшон дастгирӣ намуданд.
Ташкилкунандагони чорабинӣ таъкид доштанд, ки баргузории чунин мусобиқаҳо дар доираи таҷлили Наврӯз ба таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва рушди варзиш миёни ҷавонон мусоидат мекунад.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ ва қадрдонӣ гардиданд.
Ин иқдом ҳамчун як ҷузъи барномаи идонаи Наврӯз дар шаҳри Левакант ба баланд бардоштани завқи варзишӣ ва ҳамбастагии ҷавонон нақши муассир гузошт.
Centralised website of government and municipal services