Бо мақсади таъмини иҷрои банди дахлдори нақшаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2026, санаи 6-уми апрел дар шаҳри Левакант вохӯрии муҳим ва судманд баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо доир шуда, ба таҳкими ҳамкориҳо миёни сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа равона гардид.
Дар кори вохӯрӣ прокуророни Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуқуқшиноси дараҷаи 1, Иноятуллозода Абдумалик ва ҳуқуқшиноси дараҷаи 1, Маҳмадулозода Азим Неъматулло иштирок намуда, бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, роҳбарони сохторҳои марбута ва фаъолони шаҳр мулоқоти озоду созанда анҷом доданд.
Чорабинӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант баргузор гардида, дар он ҳамчунин прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1, Зоирзода Комилҷон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр - Шарифӣ Бобосафар ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба татбиқи Стратегияи «Пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026–2030 мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Намояндагони Прокуратураи генералӣ доир ба ҳадафҳо, самтҳои афзалиятнок ва механизмҳои татбиқи ин ҳуҷҷати муҳим маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Таъкид гардид, ки Стратегияи мазкур яке аз санадҳои калидӣ дар самти таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он пешгирии омилҳои гаравиши шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгаро, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин замина, нақши мақомоти маҳаллӣ, бахусус шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия ва сохторҳои дахлдор, хеле муҳим арзёбӣ гардид.
Прокуророн дар баромадҳои худ зикр намуданд, ки таҳдидҳои муосир, аз ҷумла паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ, зарурати андешидани тадбирҳои саривақтиро ба миён овардааст. Аз ин рӯ, фаъолияти Маркази ягонаи иттилоотӣ дар самти муқовимат ба киберҷиноятҳо ва пешгирии таблиғоти ифротгароӣ аҳамияти махсус дорад.
Ҳамзамон, иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба роҳҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, мубодилаи афкор анҷом доданд. Зикр гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкили семинарҳо, вохӯриҳо ва барномаҳои иттилоотӣ метавонад дар пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба ҳаракатҳои номатлуб нақши муассир бозад.
Дар идомаи чорабинӣ Зоирзода Комилҷон - прокурори шаҳри Левакант, мушовири адлияи дараҷаи 1 вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки масъалаи мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм дар сиёсати давлатӣ мавқеи калидӣ дошта, татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ин самт вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як мақомот ба ҳисоб меравад.
Дар баромади худ ӯ инчунин зарурати ҳамкории зич миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳолиро таъкид намуда, изҳор дошт, ки танҳо тавассути муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳо метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ посухҳои мушаххас дода шуданд. Инчунин, пешниҳодҳо ҷиҳати такмил додани фаъолияти муштарак ва баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои пешгирикунанда манзур гардиданд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар сатҳи маҳал ба таҳкими фазои субот ва амният, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд. Ин гуна ташаббусҳо далели равшани таваҷҷуҳи доимии давлат ва ҳукумат ба масъалаҳои амният ва рушди устувори ҷомеа мебошанд.
Бо назардошти вазъи муосири ҷаҳон ва афзоиши таҳдидҳои фаромиллӣ, татбиқи самараноки Стратегияи миллӣ метавонад ҳамчун омили муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи шаҳрвандон хизмат намояд.