4-уми апрел, дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ташкил шуда, бо иштироки…
4-уми апрел, дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ташкил шуда, бо иштироки васеи дӯстдорони варзиш ва сокинони маҳаллӣ ҷараён гирифт.
Дар мусобиқа паҳлавонони ҷавон ва варзишгарони ботаҷриба аз гӯшаву канори минтақа иштирок намуда, маҳорати худро дар майдони гӯштин нишон доданд. Ҳар як рақобат бо шавқу ҳаяҷони зиёд сурат гирифта, тамошобинонро бетафовут нагузошт.
Ташкилкунандагон иброз доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди гӯштини миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, ин гуна мусобиқаҳо барои эҳёи анъанаҳои миллӣ ва мустаҳкам намудани рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунанд.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Левакант чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ баргузор гардида, сокинонро ба ҳам меорад ва фазои идонаро ғанӣ мегардонад.