3-юми апрел, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон, дар якҷоягӣ бо раиси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» Султонов Фарух ва дигар фаъолон, дар деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки «Сарбанд»…
3-юми апрел, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон, дар якҷоягӣ бо раиси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» Султонов Фарух ва дигар фаъолон, дар деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» корҳои фаҳмондадиҳиро тариқи усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.
Мақсад аз баргузории ин ташаббус баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии аҳолӣ, инчунин пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа арзёбӣ мегардад. Зимни мулоқот бо сокинон, намояндагони гурӯҳи корӣ вобаста ба мавзуҳои доғи рӯз, аз ҷумла риояи қонунгузорӣ, пешгирии ифротгароӣ, таъмини тарбияи дурусти фарзандон, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон суҳбатҳои судманд анҷом доданд.
Ҳамзамон, ба сокинон тавсия дода шуд, ки дар ҳифзи амнияту суботи ҷомеа саҳмгузор бошанд, нисбат ба тарбияи насли наврас масъулияти бештар эҳсос намоянд ва дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳои замони муосир бетараф набошанд.
Қайд гардид, ки усули «хона ба хона» яке аз роҳҳои муассири расонидани маълумоти муҳим ба аҳолӣ маҳсуб ёфта, имконият медиҳад, ки бо ҳар як оила мустақиман суҳбат сурат гирифта, мушкилоти мавҷуда баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод гарданд.