Баромадкунандагон ҷавононро даъват намуданд, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва омилҳои номатлуб ҳамроҳ нашаванд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ҷавонон бояд вақти худро самаранок истифода бурда, ба омӯзиши илму дониш, аз худ кардани касбу ҳунар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир машғул шаванд. Зеро танҳо бо роҳи донишандӯзӣ ва рушди маънавӣ метавонанд ояндаи дурахшон ва ҷомеаи солимро бунёд намоянд.
Чорабинии мазкур бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён анҷом ёфта, барои боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон саҳми назаррас гузошт.