2-юми апрел дар шаҳри Левакант гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 бо сокинони деҳаи Хурамдеҳ, омӯзгорон ва хонандагон мулоқоту корҳои таблиғотӣ баргузор намуд. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ…
2-юми апрел дар шаҳри Левакант гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 бо сокинони деҳаи Хурамдеҳ, омӯзгорон ва хонандагон мулоқоту корҳои таблиғотӣ баргузор намуд.
Дар ҳайати гурӯҳи корӣ мутахассисони шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони бахши кор бо занон ва оила, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант-Султонов Ҳикматулло, инчунин сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант ва дигар масъулини соҳаҳои дахлдор иштирок доштанд.
Чорабинӣ тариқи усули «мактаб ба мактаб» роҳандозӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии аҳолӣ, инчунин тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни наврасону ҷавонон арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот бо сокинон ва хонандагон масъалаҳои муҳим, аз ҷумла риояи қонунгузорӣ, пешгирии амалҳои номатлуб, тарбияи дурусти фарзандон, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва одобу ахлоқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, намояндагони бахши ҳолатҳои фавқуллода оид ба қоидаҳои бехатарӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои изтирорӣ ва роҳҳои пешгирии ҳодисаҳои нохуш тавсияҳои муфид доданд.
Иштирокчиён иброз доштанд, ки баргузории чунин мулоқоту суҳбатҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ ва таҳкими ҳамкории миёни мақомот ва аҳолӣ аҳамияти калон дорад.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки корҳои таблиғотӣ дар доираи усули «мактаб ба мактаб» минбаъд низ идома ёфта, доираи бештари аҳолиро фаро хоҳад гирифт.