Аз 2 то 9 апрел дар саросари кишвар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад. Ҳадафи асосии ин чорабинии фарҳангӣ тарбияи завқи китобхонӣ, бедор намудани шавқу рағбати насли наврас ба мутолиа ва ба воя…
Аз 2 то 9 апрел дар саросари кишвар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад. Ҳадафи асосии ин чорабинии фарҳангӣ тарбияи завқи китобхонӣ, бедор намудани шавқу рағбати насли наврас ба мутолиа ва ба воя расонидани ҷавонони донишманду фарҳангпарвар мебошад.
Ба ҳамин муносибат, 2-юми апрел бо ташаббуси Китобхонаи марказии шаҳри Левакант чорабинии идона бо иштироки намояндагони сохторҳои гуногун ва дӯстдорони китоб баргузор гардид. Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Наргис Иброҳимова, мудири бахши фарҳанг Талбзода Азизулло, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва дигар масъулини ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонон аз намоиши китобҳо, ки фарогири адабиёти гуногуни бачагона ва наврасона буд, дидан намуда, бо асарҳои тозанашр ва китобҳои ҷолиб ошно гардиданд. Қайд карда шуд, ки чунин намоишҳо барои ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобхона ва баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо нақши муҳим мебозанд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардида, аъзоёни фаъоли китобхона бо қироати шеърҳо ва овардани гуфтаҳои бузургон дар васфи китоб ҳозиринро шод намуданд. Ҳамзамон, иҷрои рақси мавзун аз ҷониби наврасон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуда, фазои идонаро боз ҳам гарму ҷолиб гардонд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин фестивалҳо дар тарбияи маънавии насли наврас, рушди ҷаҳонбинии онҳо ва бедор намудани муҳаббат ба китобу дониш таъсири амиқ мерасонад. Масъулин изҳор доштанд, ки минбаъд низ ҷиҳати ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобхонӣ ва ташкили чорабиниҳои маърифатӣ иқдомҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар рӯзҳои минбаъда низ бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ идома хоҳад ёфт.