1-уми апрел, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4, бо хонандагони зинаи сеюми таҳсилот ва ҳайати омӯзгорон вохӯрии муҳими фаҳмондадиҳӣ баргузор намуд. Чорабинии мазкур дар…
1-уми апрел, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4, бо хонандагони зинаи сеюми таҳсилот ва ҳайати омӯзгорон вохӯрии муҳими фаҳмондадиҳӣ баргузор намуд.
Чорабинии мазкур дар доираи усули «Мактаб ба мактаб» роҳандозӣ гардида, дар он мутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо занон ва оила, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр иштирок доштанд.
Зимни мулоқот масъулон оид ба хатароти ҷаҳони муосир, аз ҷумла таъсири гурӯҳҳои ифротӣ, терроризм ва экстремизм, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин дигар омилҳои номатлуб ба ҳаёти ҷавонон маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Ба хонандагон таъкид гардид, ки онҳо бояд ҳушёр бошанд, ба ҳар гуна даъватҳои шубҳанок дода нашаванд ва барои ҳифзи худ аз таъсири манфии муҳити иттилоотӣ дониш ва маърифати худро баланд бардоранд. Ҳамчунин, масъалаи пешгирии одатҳои бад, аз қабили тамокукашӣ, нашъамандӣ ва дигар рафторҳои хатарнок мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ омӯзгорон низ андешаҳои худро доир ба тарбияи дурусти насли наврас иброз намуда, ба таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо сохторҳои дахлдор таъкид карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуда, зикр гардид, ки чунин мулоқотҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷавонон ва пешгирии омилҳои номатлуб нақши муҳим доранд.