eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: МАСОИЛИ МУҲИМИ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ СУҲБАТ
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАНТ: МАСОИЛИ МУҲИМИ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ СУҲБАТ
Centralised website of government and municipal services
7 April 2026
ЛЕВАКАНТ: МАСОИЛИ МУҲИМИ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ СУҲБАТ
1-уми апрел, дар толори Китобхонаи марказии шаҳри Левакант бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр бо занони фаъол суҳбат-вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Левакант…
1-уми апрел, дар толори Китобхонаи марказии шаҳри Левакант бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр бо занони фаъол суҳбат-вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Левакант Наргис Иброҳимова баромад намуда, доир ба масъалаҳои муҳими рӯз ибрози назар кард. Аз ҷумла, тартиби дуруст ва саривақтии супоридани ҳисобот аз ҷониби раисони шӯрои занони муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, масъалаи дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои наврӯзӣ дар муассисаҳо ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ таъкид гардид. Дар ин замина, ба масъалаи риояи фарҳанги либоспӯшӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, зикр гардид, ки пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллии мо бегона бояд пешгирӣ карда шавад.
Иштирокчиён дар фазои озод андешаҳои худро баён намуда, оид ба беҳтар намудани фаъолияти шӯроҳои занон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ пешниҳодҳо ироа карданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки чунин мулоқотҳо барои баланд бардоштани маърифати иҷтимоӣ ва таҳкими нақши занон дар ҷомеа аҳамияти муҳим доранд.