1-уми апрел, дар шаҳри Левакант гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» бо аҳолӣ вохӯрии судманд баргузор намуд. Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи…
1-уми апрел, дар шаҳри Левакант гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» бо аҳолӣ вохӯрии судманд баргузор намуд.
Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо занон ва оила, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, инчунин роҳбарият ва кормандони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант ва намояндаи шуъбаи КДАМ дар шаҳр иборат буд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои нохуш, аз ҷумла ғарқшавӣ, инчунин мубориза бо омилҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм, таълимоти ғайрирасмии динӣ ва хурофотпарастӣ арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот баромадкунандагон таъкид намуданд, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи обанборҳо ва дарёҳо, махсусан дар фасли гармои сол, бисёр муҳим буда, беэҳтиётӣ метавонад ба оқибатҳои фоҷиабор оварда расонад. Ҳамзамон, ба сокинон тавсия дода шуд, ки дар тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро аз таъсири гурӯҳҳои ифротӣ ва таълимоти ғайриқонунии диннӣ ҳифз намоянд.
Инчунин, масъалаҳои риояи қонунгузорӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон аз тарафи мутахассисони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант, баҳри бешгири аз ғарқшавӣ ба иштирокдорон иттиловарақаҳо тақсим карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ сокинон ба саволҳои худ посух гирифта, андешаву пешниҳодҳои худро ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва амният дар маҳал иброз доштанд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар дигар маҳаллаҳо низ идома ёфта, ба таҳкими субот, амният ва пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.