30-юми март, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант аксияи таблиғотии таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем» бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Ҳадафи асосии баргузории ин иқдом тарғибу ташвиқи…
30-юми март, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант аксияи таблиғотии таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем» бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории ин иқдом тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ миёни бонувону ҷавондухтарон, инчунин эҳёи суннатҳои неки ниёгон арзёбӣ мегардад.
Дар доираи аксияи мазкур шумораи зиёди ҷавондухтарон бо либосҳои зебои миллӣ, аз ҷумла чакан, атлас ва адрас, иштирок намуда, бо як роҳпаймоии идона дар кӯчаҳои марказии шаҳр сайругашти баҳорӣ анҷом доданд.
Либосҳои рангорангу ороишёфтаи иштирокчиён диққати сокинон ва меҳмонони шаҳрро ба худ ҷалб намуда, фазои идона ва руҳияи болидаро ба вуҷуд овард.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги тоҷикон ба шумор рафта, муаррифгари таърих, ҳунар ва зебоипарастии миллат мебошад. Аз ин рӯ, ҳифз ва тарғиби он вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ маҳсуб меёбад.
Иштирокчиён ва ташкилкунандагон чунин иқдомҳоро барои таҳкими арзишҳои миллӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба фарҳанги аҷдодӣ муҳим арзёбӣ намуда, изҳори умед карданд, ки баргузории чунин аксияҳо дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Аксияи «Тоҷикона мепӯшем» бори дигар собит сохт, ки либоси миллӣ на танҳо рамзи зебоӣ, балки нишонаи ифтихор ва ваҳдати фарҳангии миллати тоҷик мебошад.