Дар деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки васеи сокинон ва бо руҳияи баланду идона таҷлил гардид. Маросими идона дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ баргузор шуда, сокинони деҳа бо хушнудию хушҳолӣ аз…
Дар деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки васеи сокинон ва бо руҳияи баланду идона таҷлил гардид. Маросими идона дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ баргузор шуда, сокинони деҳа бо хушнудию хушҳолӣ аз омадани баҳори нозанин истиқбол гирифтанд.
Барномаи фарҳангии ҷашнро ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр рангин гардонида, бо пешниҳоди суруду рақсу саҳначаҳои ҷолиб хотири ҳозиринро болида намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи таҷлили Наврӯз мусобиқаи гӯштини миллӣ ташкил гардида, паҳлавонони маҳаллӣ қувваозмоӣ карданд. Ин сабқат таваҷҷуҳи зиёди сокинонро ба худ ҷалб намуда, ғолибон бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд.
Сокинони деҳа инчунин дастархони идона ороста, бо таомҳои миллӣ аз қабили суманак, оши палов ва дигар анвои хӯрокҳои суннатӣ меҳмононро истиқбол намуданд. Ин ҳама нишонаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи анъанаҳои ниёгон арзёбӣ мегардад.
Чорабинӣ дар фазои дӯстиву ҳамдили анҷом ёфта, сокинон изҳор доштанд, ки чунин ҷашнҳо барои таҳкими ваҳдат, эҳёи суннатҳои миллӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи мардум аҳамияти бузург доранд.