14-уми март бахшида ба Рӯзи касбии кормандони прокуратура, раиси шаҳри Левакант — Муминзода Мастура Табарӣ ва намояндаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҳасанзода Аслиддин ба прокуратураи шаҳр ташриф оварда, кормандони ин ниҳодро ба муносибати иди касбиашон табрик гуфтанд.
Зимни мулоқот прокурори шаҳри Левакант, мушовири адлияи дараҷаи 1— Зоирзода Комилҷон ва дигар кормандони прокуратура бо суханони самимӣ ва таманниёти нек табрик карда шуданд. Қайд гардид, ки мақомоти прокуратура дар таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини адолату тартибот дар ҷомеа нақши муҳим доранд.
Раиси шаҳр дар суханронии худ аз фаъолияти пурмасъулияти кормандони прокуратура ёдовар шуда, таъкид намуд, ки саҳми онҳо дар таъмини риояи қонунгузорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа назаррас мебошад.
Ҳамзамон прокурори шаҳр барои фаъолияти софдилона ва хизматҳои арзанда дар соҳаи ҳифзи қонун бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд.
Зоирзода Комилҷон барои таваҷҷуҳ ва қадршиносӣ ба роҳбарияти шаҳр изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият ҷиҳати ҳифзи қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва хизмат ба давлату ҷомеа фаъолияти прокуратураро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мемонанд.