eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
24-УМИ МАРТ ГӮШТИНИ КАЛОН ДАР ЛЕВАКАНТ
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
24-УМИ МАРТ ГӮШТИНИ КАЛОН ДАР ЛЕВАКАНТ
Centralised website of government and municipal services
6 April 2026
24-УМИ МАРТ ГӮШТИНИ КАЛОН ДАР ЛЕВАКАНТ
24-уми март дар шаҳри Левакант (собиқ Сарбанд) бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорони ватандӯст, бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, гуштини калон баргузор мегардад. Ба ин чорабинии варзишии пуршукуҳ…
24-уми март дар шаҳри Левакант (собиқ Сарбанд) бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорони ватандӯст, бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, гуштини калон баргузор мегардад.
Ба ин чорабинии варзишии пуршукуҳ паҳлавонони тамоми гушаву канори кишвар ва инчунин ҷумҳуриҳои ҳамсоя даъват карда мешаванд. Ин мусобиқа на танҳо майдони санҷиши қувваю маҳорат, балки ҷашни дӯстӣ, мардонагӣ ва анъанаҳои миллии мост.
Барои ғолибон ҷоизаҳои арзанда омода гардидааст. Шоҳҷоизаи гӯштин — 2 автомобили сабукрав, инчунин дигар ҷоизаҳои ҷолиб, аз ҷумла уштур, асп ва туҳфаҳои хотиравӣ, соҳибони худро интизоранд.
Ҳамаи паҳлавононро даъват менамоем, ки ба ин майдони қувваю номус омада, маҳорати худро нишон диҳанд ва барои ба даст овардани ҷоизаҳои арзанда қуввасанҷи намоянд.
Шитобед! Қувваи худро бисанҷед ва соҳиби яке аз ин ҷоизаҳои арзанда гардед!
Ҷойи вохӯрии паҳлавонон — шаҳри Левакант (собиқ Сарбанд), 24-уми марти соли 2026.