Ҳамасола 14 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи касбии кормандони мақомоти прокуратура таҷлил мегардад. Ин сана яке аз рӯзҳои муҳим барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, нишонаи қадршиносии давлат ва ҷомеа нисбат ба фаъолияти пурмасъулияти онҳо мебошад. Кормандони прокуратура рисолати муҳимро иҷро намуда, фаъолияти худро барои ҳифзи волоияти қонун, таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон равона месозанд.
Мақомоти прокуратура дар низоми давлатдорӣ мавқеи муҳим дошта, яке аз рукнҳои асосии таъмини қонуният дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии он назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар тамоми қаламрави кишвар мебошад. Дар баробари ин, мақомоти прокуратура дар ҳимояи манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии қонуншиканиҳо ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ нақши муассир мебозад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи нави рушди сиёсиву ҳуқуқӣ ворид гардид. Дар ин марҳилаи таърихӣ вазифаҳои мақомоти прокуратура низ васеъ гардида, фаъолияти он ба мутобиқ намудани низоми ҳуқуқӣ ба талаботи давлати соҳибистиқлол равона карда шуд. Дар солҳои аввали истиқлолият кишвар бо мушкилоти гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Бо вуҷуди ин, кормандони мақомоти прокуратура дар чунин шароити мураккаб бо эҳсоси баланди масъулият ва садоқат ба Ватан фаъолияти худро идома дода, барои ҳифзи қонуният ва барқарор намудани тартиботи ҳуқуқӣ саҳми назаррас гузоштанд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар роҳи ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад. Ин санади муҳими ҳуқуқӣ пояҳои асосии давлатдорӣ ва сохтори конститутсионии мамлакатро муайян намуда, барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти прокуратура, заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам овард. Тибқи меъёрҳои Конститутсия, мақомоти прокуратура ҳамчун мақоми мустақили назоратӣ амал намуда, аз болои иҷрои қонунҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ назорат мебарад.
Мавқеи мустақили мақомоти прокуратура имкон медиҳад, ки он фаъолияти худро бо адолат, беғаразӣ ва дар доираи қонун амалӣ намояд. Назорати риояи қонунҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон яке аз самтҳои асосии фаъолияти прокуратура ба ҳисоб меравад. Ин назорат барои таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аҳамияти бузург дорад.
Имрӯз мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти амният ва дигар сохторҳои давлатӣ, барои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии қонуншиканиҳо ва ҳифзи амнияти ҷомеа фаъолияти мунтазам мебарад. Ин ҳамкорӣ барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва суботи ҷомеа аҳамияти махсус дорад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти прокуратура мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мебошад. Дар шароити муосир шаклҳои гуногуни ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои муташаккилона, ҷиноятҳои иқтисодӣ, коррупсия, терроризм ва экстремизм метавонанд ба амният ва суботи ҷомеа таҳдид намоянд. Аз ин рӯ, мақомоти прокуратура бо истифода аз ваколатҳои худ барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани чунин ҷиноятҳо чораҳои зарурӣ меандешанд.
Ҳамзамон, мақомоти прокуратура ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Баланд гардидани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ ба коҳиш ёфтани ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими қонуният дар ҷомеа мусоидат мекунад. Бо ин мақсад кормандони прокуратура дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро ба роҳ монда, шаҳрвандонро ба риояи қонун ва эҳтироми арзишҳои ҳуқуқӣ даъват менамоянд.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ бо бисёр давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои густурда ба роҳ мондааст. Дар ин раванд мақомоти прокуратура низ бо мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ ҳамкории ҳуқуқиро густариш дода, дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ ва ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ саҳм мегузорад.
Ин ҳамкориҳо барои мубодилаи таҷриба, такмили фаъолияти мақомоти прокуратура ва таҳкими муносибатҳои ҳуқуқии байни давлатҳо аҳамияти муҳим доранд. Имрӯз Тоҷикистон бо як қатор давлатҳо дар самти расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ, истирдоди ҷинояткорон ва баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ созишномаҳои дахлдор ба имзо расонида, онҳоро дар амал татбиқ менамояд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ вазифаҳои мақомоти прокуратура боз ҳам мураккабтар мегарданд. Аз кормандони ин соҳа талаб карда мешавад, ки донишу малакаи касбии худро пайваста такмил дода, фаъолияти худро бо масъулияти баланд ва садоқат ба Ватан анҷом диҳанд.
Кормандони мақомоти прокуратура бояд ҳамеша бо эҳсоси ватандӯстӣ, адолатпарварӣ ва эҳтиром ба қонун фаъолият намоянд. Танҳо бо чунин муносибат метавонанд рисолати худро – ҳифзи қонуният, адолат ва ҳуқуқи шаҳрвандон – бо шараф иҷро намоянд.
Дар баробари ин, мақомоти прокуратура дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ низ саҳми муҳим дорад. Фаъолияти самараноки ин ниҳод барои рушди устувори ҷомеа ва таҳкими давлати ҳуқуқбунёд заминаи мусоид фароҳам меорад.
Боиси зикр аст, ки кормандони мақомоти прокуратура дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ масъулияти бузургро ба дӯш доранд. Онҳо бояд ҳамеша қонунро роҳнамо қарор дода, дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ боадолатона ва боэҳтиёт амал намоянд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратураро ба муносибати Рӯзи касбиашон самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, саодати зиндагӣ ва комёбиҳои нав дар фаъолияти пурмасъулияташон орзу менамоем. Боварӣ дорем, ки онҳо минбаъд низ бо садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба қонун барои ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа хизмат намуда, дар таҳкими қонуният ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Прокурори шаҳри Левакант,
мушовири адлияи дараҷаи 1
Зоирзода Комилҷон