eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО СОКИНОН ДАР МТМУ №2
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО СОКИНОН ДАР МТМУ №2
6 April 2026
ЛЕВАКАНТ: БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО СОКИНОН ДАР МТМУ №2
13-уми март, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант бо иштироки муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, масъулини соҳаи маориф ва сокинони ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" ҷамъомади иттилоотӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи…
13-уми март, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант бо иштироки муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, масъулини соҳаи маориф ва сокинони ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" ҷамъомади иттилоотӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи ташаббуси “Мактаб ба мактаб” ташкил шуда, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ миёни аҳолӣ арзёбӣ гардид.
Зимни суханронӣ масъулин доир ба самтҳои асосии сиёсати иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва нуктаҳои муҳими паёми роҳбарияти давлат ба аҳолӣ маълумот пешниҳод карданд. Таъкид гардид, ки татбиқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат барои пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, фарҳанг ва рушди иҷтимоии ҷомеа аҳамияти калон дорад.
Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои риояи қонунгузории миллӣ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, иштирокчиён бо муҳтавои қонунҳои амалкунанда дар бораи мақоми омӯзгор, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва тартиби баргузории ҷашну маросимҳо шинос гардиданд.
Масъулин зарурати эҳтиром ва иҷрои ин меъёрҳоро барои таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар идома таваҷҷуҳи ҳозирин ба мавзӯъҳои мубрами ҷомеа, аз қабили пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон, таъсири омилҳои манфии фарҳангӣ ва хатарҳои паҳншавии андешаҳои ифротӣ ҷалб карда шуд. Зикр гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҷавонон, тақвияти арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли худогоҳ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошад.
Илова бар ин, дар вохӯрӣ масъалаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тарғиби рӯҳияи ватандӯстӣ матраҳ гардид.
Масъулин сокинонро ба ҳамкории фаъолона дар корҳои созандагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳал даъват карданд.
Дар поёни чорабинӣ сокинони ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" андеша ва пешниҳодҳои худро иброз намуда, баргузории чунин вохӯриҳоро барои баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандӣ ва таҳкими робитаи ҷомеа бо мақомоти иҷроия муфид арзёбӣ карданд.
Centralised website of government and municipal services