eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ БО ФАЪОЛОН
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ БО ФАЪОЛОН
Centralised website of government and municipal services
6 April 2026
ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ БО ФАЪОЛОН
13 март, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки фаъолони шаҳр вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо амалҳои коррупсионӣ маҷлис баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини раиси вилояти Вилояти Хатлон Солеҳзода…
13 март, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки фаъолони шаҳр вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо амалҳои коррупсионӣ маҷлис баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини раиси вилояти Вилояти Хатлон Солеҳзода Ашурбой, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, муфаттиши шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, майори адлия Рабизода Равшан иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ буда, барои пешгирии чунин амалҳои номатлуб ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ ва ҷомеа зарур мебошад. Масъулин инчунин оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шаффофияти фаъолияти идораҳо ва риояи қонунгузорӣ андешаҳои худро баён карданд.
Дар ҷараёни маҷлис муфаттиши шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Рабизода Равшан Раби пешниҳод намуд, ки ҷиҳати решакан намудани амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳо ва ташкилоту идораҳо гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ, вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои иттилоотӣ бештар ба роҳ монда шавад.
Зикр гардид, ки танҳо тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тақвияти назорат ва татбиқи чораҳои қатъӣ метавон сатҳи чунин ҳуқуқвайронкуниҳоро коҳиш дода, фазои солими корӣ ва иҷтимоиро таъмин намуд.