12-уми март, дар шаҳри Левакант тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки гурӯҳи корӣ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо усули “хона ба хона” дар як қатор кӯчаҳои шаҳр роҳандозӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии сокинон арзёбӣ гардид.
Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо занон ва оила, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант иборат буд.
Зимни мулоқотҳо бо сокинон дар кӯчаҳои Носири Хусрав, Исмоили Сомонӣ, Ҳамадонӣ, Боқӣ Раҳимзода ва Абдураҳмони Ҷомӣ масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бо аҳолӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди омилҳои номатлуб, хурофотпарастӣ ва паҳншавии таълимоти ғайриқонунии динӣ суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Ҳамчунин ба сокинон дар бораи риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии зиёдаравӣ ҳангоми баргузории маъракаҳо, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва худдорӣ аз пӯшидани либосҳое, ки ба фарҳанги миллии тоҷикон бегонаанд, тавзеҳот дода шуд.
Дар ҷараёни суҳбатҳо масъалаи тозагии муҳити зист, нигоҳдории муҳити атроф ва ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ободонию созандагӣ низ матраҳ гардид. Намояндагони гурӯҳи корӣ сокинонро ба саҳмгузорӣ дар рушди маҳал, нигоҳдории тартибот ва муҳити зист даъват намуданд.
Илова бар ин, бо ҷавонон ва падару модарони онҳо оид ба аҳамияти хизмати ҳарбӣ ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбатҳо баргузор гардида, таъкид шуд, ки хизмати ҳарбӣ мактаби шуҷоат, мардонагӣ ва ватандӯстӣ барои ҷавонон ба шумор меравад.
Сокинон аз чунин ташаббусҳо истиқбол намуда, иброз доштанд, ки баргузории суҳбатҳои мустақим бо аҳолӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкории ҷомеа бо мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.