11-уми март, дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант гурӯҳи корӣ бо усули “Хона ба хона” бо сокинони деҳаи Яккачинори ҷамоати…
11-уми март, дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант гурӯҳи корӣ бо усули “Хона ба хона” бо сокинони деҳаи Яккачинори ҷамоати деҳоти “Гулистон” вохӯрӣ намуданд.
Ҳадафи асосии ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии аҳолӣ, инчунин фаҳмондадиҳии масъалаҳои муҳими ҷомеа ба сокинон маҳсуб меёфт. Зимни суҳбат намояндагони гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳа мулоқот намуда, доир ба як қатор масъалаҳои муҳим маълумоту тавсияҳои муфид пешниҳод карданд.
Аз ҷумла, ба аҳолӣ оид ба пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва оқибатҳои манфии он барои ҷомеа шарҳу тавзеҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба арзишҳои миллӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар эҳтиром гузорад.
Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи пешгирии пӯшидани либосҳое, ки ба фарҳанги миллии тоҷикон бегонаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, аҳамияти эҳтиром ба анъана ва арзишҳои миллии тоҷикон таъкид гардид.
Илова бар ин, ба сокинон доир ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши хизмат дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар маълумот дода шуд.
Дар идомаи мулоқот масъалаи истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ низ баррасӣ гардида, сокинон барои истифодаи пурмаҳсули замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини фаровонии бозорҳои маҳаллӣ ҳидоят карда шуданд.