Шаш варзишгари наврас, дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди САМБО иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Варзишгарони наврас маҳорати хуб нишон дода, дар байни…
Шаш варзишгари наврас, дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди САМБО иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Варзишгарони наврас маҳорати хуб нишон дода, дар байни иштирокчиёни сершумор ду медал ба даст оварданд.
Дар рафти мусобиқа Абдулозода Абдуло бо ҳунару маҳорати баланд баромад намуда, бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омад ва сазовори ҷойи аввал гардида, медали тиллоро соҳиб шуд. Ҳамзамон, варзишгари дигар – Абдулозода Абубакр низ бо нишон додани маҳорати хуб дар сабқат ҷойи сеюмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷи гардид.
Гуфта мешавад, ки варзишгарони навраси шаҳри Левакант зери роҳнамоии мураббиёни ботаҷриба пайваста машқу тамрин намуда, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ба даст овардани чунин натиҷаҳо нишонаи омодагии хуб ва рушди варзиш дар байни наврасони шаҳр мебошад.
Масъулони соҳаи варзиши шаҳр изҳор доштанд, ки чунин дастовардҳо боиси ифтихори сокинони шаҳр гардида, барои дигар наврасон низ намунаи ибрат мебошад. Онҳо инчунин таъкид карданд, ки барои рушди варзиш ва дастгирии варзишгарони ҷавон дар шаҳри Левакант шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки иштироки мунтазами варзишгарони ҷавон дар мусобиқаҳои гуногун ба баланд гардидани маҳорати онҳо ва муаррифии шаҳри Левакант дар сатҳи ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.