Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба зиёда аз 100 нафар бонувону занони фаъоли шаҳр ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ матои миллӣ – атлас тақдим карда шуд. Гуфта шуд, ки матои атлас ҳамчун яке аз рамзҳои фарҳанги…
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба зиёда аз 100 нафар бонувону занони фаъоли шаҳр ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ матои миллӣ – атлас тақдим карда шуд.
Гуфта шуд, ки матои атлас ҳамчун яке аз рамзҳои фарҳанги миллии тоҷикон ба бонувон тақдим гардида, он нишонаи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ва қадршиносӣ аз фаъолияти занон мебошад.
Бонувони шаҳр барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба роҳбарияти шаҳр изҳори сипос намуда,
таъкид карданд, ки чунин иқдомҳо ба баланд гардидани рӯҳияи занони мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Левакант пайваста чорабиниҳои гуногун ҷиҳати дастгирӣ ва қадршиносии занону бонувон баргузор мегарданд, ки ин иқдомҳо ба таҳкими нақши зан дар ҷомеа ва рушди арзишҳои миллӣ мусоидат менамоянд.