Ҳамдиёрони азиз, хоҳарон ва модарони гиромӣ! Иди бонувон баробари оғози эҳёи табиат — фасли баҳор фаро мерасад, ки мардумро ба ибтидои пешомадҳои нав, нақшаву тадбирҳои тоза, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дар маҷмӯъ ба ободониву созандагӣ ҳидоят…
Ҳамдиёрони азиз, хоҳарон ва модарони гиромӣ!
Иди бонувон баробари оғози эҳёи табиат — фасли баҳор фаро мерасад, ки мардумро ба ибтидои пешомадҳои нав, нақшаву тадбирҳои тоза, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дар маҷмӯъ ба ободониву созандагӣ ҳидоят менамояд.
Аслан сиришти занону модарони рӯйи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст.
Аз ин рӯ, ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳама давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.
Баъди ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд. Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба қатори он санадҳои муҳимтарине дохил мешавад, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро дорад.
Фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳамин фармони сарнавиштсоз самараҳои нек ба бор оварда истодааст.
Маълум аст, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан ва модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул гардида, амалӣ мегарданд.
Мақсад аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону духтарон мебошад.
Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият — Маҷлиси Олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро мегузоранд.
Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳои худ қайд кардаанд, ки: «Боло бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, инчунин дастгирии ташаббусҳои занону бонувон дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва ғамхорӣ нисбат ба оила ҳадафи дигари давлати мо мебошад».
«Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».
Дар ҳақиқат, имрӯз ҳазорон занон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ — саноату кишоварзӣ, маорифу фарҳанг, тиббу илм ва соҳибкорӣ сарбаландона меҳнат мекунанд.
Ғамхорӣ дар ҳаққи оила, таъмини ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар як узви он дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.
Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳо ва стратегияҳои муҳими давлатиро, аз қабили:
«Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030»;
«Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023–2030»;
«Барномаи вилоятӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар вилояти Хатлон барои солҳои 2025–2030»
ва боз чандин барномаву стратегияҳоро тасдиқ намуда, мавриди амал қарор додааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.
Таъсиси грантҳои президентӣ ва грантҳои раиси вилоят ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд. Занон ва бонувон дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Вобаста ба рушди соҳибкории занон айни замон дар шаҳри Левакант 122 нафар занони соҳибкор ба воситаи патенту шаҳодатнома фаъолият карда истодаанд, ки аксарияти онҳо ба хариду фурӯши чакана ва хизматрасонӣ машғул буда, соли сипаригардида аз ҷониби 2 нафар занони соҳибкор барои сайқал додани самти соҳибкорӣ лоиҳаҳо барои гирифтани Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, ғолиби гранти президентӣ гардиданд.
Дар заминаи татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади роҳандозӣ намудани тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёи мероси ғайримоддии фарҳангӣ, боло бурдани худогоҳиву худшиносӣ ва таҳкими ҳунармандӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби занону ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар маркази шаҳр «Маркази дастгирии бонувон» аз соли 2019 таъсис дода шудааст.
Тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маркази мазкур ҳамасола ҷавондухтарон ва занони хонашин ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, аз қабили «Дӯзандагӣ», «Бофандагӣ», «Гулдӯзӣ», «Зардӯзӣ», «Ошпазӣ», «Ҷуроббофӣ», «Қуроқбофӣ» ҷалб гардида, баъд аз хатми курсҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият менамоянд.
Илова бар ин, таҳти роҳбарии зани ҳунарманд Фозилова Файзия дар деҳаи Баҳодурони Ҷамоати деҳоти «Гулистон» коргоҳи адрасбофии «Шоҳзамон» таъсис дода шудааст, ки занони хонашин ва ҷавондухтарони деҳот бо истифода аз коргоҳи мазкур касби атласу адрасбофиро меомӯзанд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026 шумораи умумии аҳолии шаҳр 55 ҳазору 810 нафар буда, аз ин шумора 27 ҳазору 750 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи шаҳр назаррас буда, онҳо дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият намуда истодаанд.
Аз шумораи умумии занон 27 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 24 нафар дар вазифаҳои хизмати давлатӣ, 1 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 10 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант ва 12 нафар вакилони ҷамоат мебошанд. Дар соҳаи кишоварзӣ 2232 нафар занон фаъолият дошта, аз ин шумора 14 нафарашон раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.
Дар соҳаи иқтисодиёт 17 нафар занони фаъол дар бонкҳои шаҳр кору фаъолият дошта, дар соҳаҳои фарҳанг, коммуналӣ ва почта 70 нафар зан кор мекунанд, ки аз ин шумора 4 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда мебошанд.
Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз занон ва ҷавондухтарони лаёқатманди шаҳри Левакант ҳамқадами замон буда, дар ҷомеаи демократӣ мавқеи махсуси худро соҳиб гардидаанд.
Дар маҷмӯъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат заминаҳои ҳуқуқию маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид.
Ин ҳама дастгириҳо, хусусан занону модаронро водор месозад, ки дар марҳилаи кунунии давлатсозию давлатдорӣ мавқеи фаъол ва устувори шаҳрвандӣ дошта, содиқона дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд.
Модарон ва хоҳарони азиз!
Бори дигар ҳамами шуморо ба иди меҳру муҳаббат, меҳрубониву зебоӣ, бахшандаи ҳаёти инсонӣ — иди баҳору хуррамӣ, Рӯзи Модар самимона табрик намуда, ба кулли занони кишвари азизамон Тоҷикистон сарсабзиву хуррамӣ, иқболи баланд, хонаи обод, осмони софи беғубор ва мисли гулҳои баҳорӣ шукуфоиро таманно менамоям.
Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷовидону пойдор бимонад.
Саломату сарбаланд бошед!