Бахшида ба Рӯзи Модар, тибқи нақша-чорабиниҳои Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, миёни наврасон мусобиқаи тениси рӯи миз гузаронида шуд. Чорабинӣ бо мақсади гиромидошти мақому манзалати зан — Модар, рушди варзиш миёни наврасон,…
Бахшида ба Рӯзи Модар, тибқи нақша-чорабиниҳои Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, миёни наврасон мусобиқаи тениси рӯи миз гузаронида шуд.
Чорабинӣ бо мақсади гиромидошти мақому манзалати зан — Модар, рушди варзиш миёни наврасон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти истеъдодҳои нав роҳандозӣ гардид. Дар мусобиқа варзишгарони навраси муассиса ва дигар муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона ширкат варзида, маҳорати худро нишон доданд.
Мусобиқа дар фазои рақобати солим ва рӯҳияи болида баргузор гардида, иштирокчиён бо омодагии хуб қувваозмоӣ карданд. Доварон сатҳи бозии наврасонро назаррас арзёбӣ намуда, маҳорату чолокии онҳоро қобили таҳсин донистанд.
Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант мунтазам чунин чорабиниҳои варзиширо баргузор намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи наврасон ва оммавигардонии варзиш дар шаҳр саҳми назаррас мегузорад.