Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ барои хизматҳои арзанда дар самти ободкориҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар рушду тараққиёти шаҳр аз рӯи номинатсияи «Раиси ободкор» дар Озмуни…
Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ барои хизматҳои арзанда дар самти ободкориҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар рушду тараққиёти шаҳр аз рӯи номинатсияи «Раиси ободкор» дар Озмуни «Рейтинг-2025» бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардид.
Қадршиносӣ аз ҷониби нашрияи ҷумҳуриявии рӯзномаи «Истиқлол» сурат гирифта, дар доираи натиҷагирии фаъолияти роҳбарони фаъолу ташаббускор эълон карда шуд. Зикр гардид, ки дастовардҳои шаҳри Левакант дар самти ободонӣ, созандагӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ дар солҳои охир назаррас арзёбӣ мешаванд.
Тибқи иттилоъ, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр як қатор корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмиру азнавсозии роҳҳо, бунёди иншооти иҷтимоӣ, кабудизоркунӣ ва беҳсозии муҳити зист амалӣ гардидаанд. Ин тадбирҳо бо ҷалби сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони фаъоли шаҳр роҳандозӣ шудаанд.
Озмуни «Рейтинг-2025» бо ҳадафи муайян намудани роҳбарони муваффақ, ташаббускор ва саҳмгузор дар рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, ғолибон аз рӯи нишондиҳандаҳои фаъолият ва натиҷаҳои амалии кор арзёбӣ мешаванд.
Қадршиносии раиси шаҳри Левакант дар номинатсияи «Раиси ободкор» нишонаи эътирофи заҳматҳои роҳбарият ва сокинони шаҳр дар роҳи ободию пешрафт арзёбӣ мегардад.