2-юми март, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК-и шаҳри Левакант маҷлиси навбатии назоратии назди раиси шаҳр — Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа раиси шаҳр ба фаъолон ва сокинони шаҳр барои саҳмгузории фаъолона дар баргузории чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла чорабинии сиёсии вобаста ба ҳолати омодабошии сафарбарӣ дар замони осоишта ва дигар тадбирҳои муҳими ҷамъиятӣ, изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки иштироки фаъоли ҷомеа дар чунин маъракаҳо нишондиҳандаи масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии сокинон мебошад.
Сипас, тибқи рӯзномаи маҷлис як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, таъмини иҷрои босифати қисми даромади буҷети шаҳр, вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ ва ҷараёни кишти зироатҳои баҳорӣ муҳокима гардида, ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, таъмини тухмӣ ва риояи муҳлатҳои агротехникӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, ҷоннок намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои меҳварии ҷаласа арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки дар шароити муосир баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории зич бо ҷомеа аҳамияти махсус дорад.
Дар идомаи маҷлис масъалаи омодагӣ ба ҷашнҳои Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Масъулон вазифадор гардиданд, ки бо ҷалби васеи аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон корҳои тозагию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими иншоот ва ободонии маҳаллаҳоро тақвият бахшанд.
Ҳамчунин, масъалаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ба роҳ мондани корҳои пурзӯри таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ миёни ҷавонон аз вазифаҳои муҳими сохторҳои дахлдор ба ҳисоб меравад.
Дар ҷамъбасти маҷлис раиси шаҳр ба роҳбарони сохторҳо ва масъулони соҳаҳо ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳо дастурҳои мушаххас дода, зарурати таҳкими интизоми иҷро ва назорати ҷиддиро таъкид намуд.