eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ ВА ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШОҲРОҲИ ЛЕВАКАНТ–БОХТАР
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ ВА ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШОҲРОҲИ ЛЕВАКАНТ–БОХТАР
Centralised website of government and municipal services
2 March 2026
ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ ВА ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШОҲРОҲИ ЛЕВАКАНТ–БОХТАР
28-уми феврал, бо супориши раиси шаҳри Левакант — Муминзода Мастура Табарӣ дар ҳудуди шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист, тақвияти корҳои кабудизоркунӣ ва баланд бардоштани…
28-уми феврал, бо супориши раиси шаҳри Левакант — Муминзода Мастура Табарӣ дар ҳудуди шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист, тақвияти корҳои кабудизоркунӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ доир карда шуд.
Дар шанбегӣ муовини аввал ва муовинони раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Иштирокчиён дар шоҳроҳи Левакант–Бохтар, кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр ва ҳудуди ташкилоту корхонаҳо корҳои тозагардонӣ, ҷамъоварии партовҳо, сафедкунии дарахтон ва кабудизоркуниро анҷом доданд.
Дар шафати шоҳроҳи Левакант–Бохтар инчунин ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардида, боз як миқдор ниҳолони тут шинонида шуд. Ин иқдом ба зебоии роҳравҳо ва беҳтар гардидани муҳити экологӣ мусоидат намуда, дар оянда барои сояафканӣ ва ғанӣ гардонидани фазои сабзи шаҳр замина фароҳам меорад.
Масъулин зикр намуданд, ки чунин шанбегиҳо минбаъд низ идома ёфта, бо ҷалби бештари сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо корҳои ободонӣ вусъат дода мешаванд. Баргузории мунтазами чунин чорабиниҳо барои тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр ва фароҳам овардани муҳити мусоиди зист аҳамияти муҳим дорад.